МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

 

       Номи Рашт аз қадиммулаём ҳамчун Рошт ва аз асри 14 ҳамчун Қаротегин, маълум буд, ки тавассути он Роҳи Абрешим мегузашт. Баъд аз ташкил шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди бекигарии Қаротегин вилояти Ғарм таъсис ёфтааст, ки дар баробари ноҳияҳои Қалъаи лаби об, Ҳоит, Ҷиргатол, Шулмак, Сангвор, Дарвоз ва Оби гарм ноҳия аз 27 октябри соли 1939 то 24 августи соли 1955 зери тобеъияти он буд. Ҳамчун ноҳияи Ғарм 10 марти соли 1931 дар масоҳати 5346,9 км2 ташкил ёфтааст.

         Дар асоси қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001, №190 номи ноҳияи Ғарм ба ноҳияи Рашт иваз карда шуд.

         Масоҳати умумии ноҳияи Рашт 4,6 ҳазор км2-ро ташкил намуда, 97 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо фаро гирифтаанд.

       Ноҳияи Рашт аз ҷануб ба ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара), аз  шарқ бо ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш (собиқ Ҷиргатол), аз шимолу шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, аз шимол бо ноҳияҳои Айнӣ  ва  ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва аз ғарб бо ноҳияи Нуробод ҳамсарҳад аст.

        Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1350 метр ҷойгир шудааст. Дар баландиҳои 1500 то 3000 метр иқлим мӯътадил, тобистон салқин ва зимистон сард аст. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +18 +240С ва моҳи январ аз -5 то -100С мебошад. Миқдори боришот ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад.

       Ҳудуди ноҳияро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёҳои хурди бисёр ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон Оби Кабуд, Ясманд, Оби сафед, Сорбоғ, Санги кар Шӯрак ва Руноб мебошанд.

       Ҳудуди ноҳияро хоки ҷигарранги муқаррарии кӯҳӣ, ишқори кӯҳӣ, сафеди ҷигарӣ ва сиёҳ ишғол менамояд, ки барои парвариши соҳаи растанипарварӣ муфид аст.

       Дар ноҳия қариб ҳамаи намуди дарахтони мевадиҳандаю сояафкан (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, зранг, бодом, фарк, сўзанбарг), растаниҳои даштӣ ва бешадаштӣ мерӯянд.

        Ноҳияи Рашт аз захираҳои табиӣ бой буда, тилло, нуқра, мис, намак, санги мармар, маводи сохтмонӣ, оҳаксанг, хоки кулолӣ, қуму шағал ва дигар канданиҳои фоиданоку чашмаи обҳои мусаффо вуҷуд дорад.

        Конҳои ангишти Назарайлоқ ва Камароб ба гурӯҳи конҳои нодири ангишт шомил буда, аҳамияти стратегӣ доранд ва захираи онҳо зиёда аз 540 млн. тоннаро ташкил медиҳад.

        Ба ҳолати 1 январи соли 2023 аҳолии ноҳияи Рашт 139,8 ҳаз. нафар ё 1,5 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ноҳия аз рӯи хусусияташ аграрӣ буда, 98 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ҳайати иҷтимоии аҳолии ноҳияро 100 фоиз тоҷикон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия ду ҷамоати шаҳрак (шаҳракҳои Ғарм ва Навобод) ва 12 ҷамоати деҳот фаъолият доранд.

       Маркази маъмурии ноҳия шаҳраки Ғарм мебошад.

      Истилоҳи Қаротегин аввалин бор дар асри 14 дар адабиёти таърихӣ зикр шудааст. Қаротегин ҳамчун як давлати мустақил дар ин водӣ, ки марказаш шаҳраки имрӯзаи Ғарм буд, то охири асри 19 арзи ҳастӣ намуда, баъдан онро хонҳои Қуқанд зери тасарруфи давлати худ даровардаанд ва соли 1879 он бо мадади аскарони рус ба ҳайати аморати Бухоро ҳамроҳ карда шуд.

       Таърихи навини Рашт ба солҳои барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ рост меояд. Соли 1923 дар маркази шаҳраки Ғарм Кумитаи инқилобии Ғарм ба фаъолият шуруъ намуд.

        Яке аз аввалин шахсоне, ки дар барқароркунии Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ва баъдҳо дар Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон саҳми сазовор гузоштааст, Нусратулло Махсум як муддат сарварии Кумитаи инқилобии Ғармро ба ӯҳда дошт.

        Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии кишвар дар гирдоби нооромиҳои солҳои 90-ум қариб ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия фалаҷ гардида, иқтисодиёти ноҳия дар ҳолати ниҳоят паст қарор дошт.

          Бо барқароршавии сулҳи саросарии кишвар ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия рӯ ба пешравӣ оварда, бо қабул ва амалишавии барномаҳои гуногун  ноҳия ба як макони ободу зебо мубаддал гаштааст.

        Агар дар даврони Шӯравӣ дар ноҳия 86 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта бошад, имрӯз шумораи онҳо ба 113 адад расидааст. Инчунин дар ноҳия Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, Коллеҷҳои тиббию мӯзгорӣ, Литсеи касбӣ-техникӣ фаъолият доранд, ки ҳамасола дар омода намудани кадрҳои баландихтисос барои ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ҷумҳурӣ нақши калон мебозанд.

        Дар ноҳияи 64 муассисаи фарҳангӣ ва фароғатӣ, зиёда аз 18 мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ноҳия ду осорхона, осорхонаи назди бахши фарҳанг ва осорхонаи хусусии кишваршиносии  “Куҳсори Аҷам” фаъолият доранд.

 

              Имкониятҳои сайёҳӣ

         Ноҳия дорои захираи бойи рушди сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ мебошад. Дараҳои хушманзараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Тагоба ва Қалъанак мавзеъҳои асосии сайёҳии ноҳия ба шумор рафта бо манзараҳои дилфиреб, гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо, мардуми меҳмоннавоз ва дигар хусусиятҳояшон шуҳратёб гардида, ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин мавзеҳо дидан менамоянд.

       Ҷиҳати ташкили инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва муҳайё намудани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мукаммал таҳрезӣ гардида, тибқи он корҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд.

        Ҳамасола ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ корҳои муаяни созандагию бунёдкорӣ анҷом дода мешаванд.

          Айни ҳол дар ноҳия 3 меҳмонхона аз ҷумла, меҳмонхонаҳои «Соҳили Сурхоб», «Истиқлол» ва «Ҷамъияти матлубот» мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд ва меҳмонхонаҳои мазкур ба тамоми талаботи замон ҷавобгӯ буда, дар як шабонарӯз метавонанд ба 150 нафар меҳмонон хизмат расонанд.

         Дараи овозадори Камароб ҳар сол  садҳо нафар сайёҳро қабул мекунад. Манзараҳои дилфиреб, шаршараҳо оби шифобахши Хушлар, шикоргоҳҳо, кӯҳи пурсаховати Зуғол, ки дар он кони ангишти Кафтархона ҷой гирифтааст. Дарахтони гуногуни табиӣ, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва паррандагони гуногун диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.

            Парваришгоҳи давлатии “Камароб”соли 1960 дар назди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия  таъсис дода шудааст, ки ҳудуди он зиёда аз 10 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади асосии фаъолияти он парвариши гулмоҳӣ, хирси малла ва бузи куҳӣ мебошад. Парваришгоҳ дорои зиёда аз 23 намуди парранда ва 350 намуди гиёҳҳои шифобахш мебошад. 

        Дараи Камароб. Дар ҳудуди деҳоти Ҳоит сайёҳон бо нишонаҳои заминларзаи бузурги соли 1949, ки ноҳияи Ҳоитро батамом нобуд кард шинос мешаванд. Ошноӣ бо оромгоҳи аввалин муаллимаҳо ва дигар поягузорони давлати Шӯравӣ дар Ҳоит низ аз мадди назар дур нестанд. Дараҳои Ясманд, Назарйлоқ ва Шавр ҷойҳои тамошобоб ва шикоргоҳҳои мувофиқанд. Дараи Шавр, ки аз саргаҳ то охираш бисту як километрро ташкил менамояд, бо анвои растаниву дарахтони мевадиҳандаю сояафкан аз гузаштаҳо мерос мондааст ва дарёи Оби сафед, ки аз миёни дара мегузарад макони гулмоҳии зебои Рашт мебошад. Дар ин мавзеъ канданиҳои зиёди фоиданок дар синаи кӯҳе, ки дар дараи Пиёзӣ ҷойгир аст, нуҳуфтаанд. Тибқи нишондоди мутахассисон шумораи канданиҳои фоиданоки дараи Пиёзӣ на кам аз 24 намуд мебошанд. Ба хотири шаҳидони заминларза дар даромадгоҳи Ҳоит ёдгории таърихии муҷассамаи “Модар” сохта шудааст.

         Дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат оромгоҳи яке аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони Ислом Хоҷа Абдуллои Валӣ қарор дорад, ки оид ба рӯзгори вай дар китоби “Тазкират-ул-авлиё” қайд шудааст. Мақбараи мазкур яке аз аке мавзеъҳои асосии сайёҳии зиёратии ноҳия ба ҳисоб меравад.

         Дар Ҷамоати деҳоти Аскалон сайёҳон аз оромгоҳи олими маъруфи гиёҳшинос Эшони Малеҳ дидан намуда, дар бораи заҳматҳои ин марди бузург, ки то инқилоб бо растаниҳои шифобахши ин макон садҳо беморро шифо бахшидааст, маълумот пайдо мекунанд. Мавзеҳои Зуҳбед, Кули соярӯ ва Кули офтобрӯ низ маконҳои диданӣ ва тамошобобанд.

         Дараи Қалъанак бо таърихи худ барои сайёҳон ҷолиб аст. То заминларзаи 1949 дар ин мавзеъ 13 деҳа буд ва мардуми зиёд кору зиндагӣ мекарданд. Ин дара имрӯз як шикоргоҳ ва тамошогаҳи дар ҳақиқат дилпазир аст.       

         Дараи Ҷафр. Дар деҳаи Ҷафри Ҷамоати деҳоти Ҷафр соли 1988 аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Акобиров Мирзошо боғи Ботаникӣ-фарҳангии «Кўҳсори Аҷам» такшкил карда шуда, ҳудуди он наздики 1 гектарро ташкил медиҳад.  Дар он 52 навъҳои маҳаллии себ, 34 навъи нок, 22 навъҳои зардолу, навъҳои зиёди гелос, ангур, олӯ, шафтолӯ, чормағз ва бодом, ки дар шароити нестшавӣ буданд аз нав барқарор карда парвариш ва зиёд карда шуда истодаанд.    

        Дар боғи мазкур  дар як дарахти бодоми талхдона 5 навъи он, дар як дарахти себ 8 навъи он ва дар як дарахти нок 6 навъи он пайванд карда шудаанд, ки намудҳои гуногуни мазза, рангу сифат ва пешпазу дерпазро дар бар мегиранд.

         Ҳунармандӣ. Ҳунармандони ноҳия дар ҳама давру замон бо санъати хеш маълуму маъруф буданд. Дар ин диёри кӯҳсор ҳунарҳои оҳангарӣ, дуредгарӣ, табақтарошӣ, гаҳворатарошӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, заргарӣ, табақтарошӣ, ва ғайра шӯҳрат доранд ва имрӯзҳо ҳунармандон дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти худро пешниҳоди сайёҳони дохилию хориҷӣ ноҳия мегузоранд.

         Кадбонуҳои ноҳияи Рашт ҳунари хуб дошта, ғизоҳоеро тайёр мекунанд, ки хоси ин маҳал мебошанд. Талқон, далида, оши борик, оши тупа, умочи бо дуғ, умочи бо шир, кочӣ, умочи ба ров, кашки сабз, кашки бо сару поча, шакароб, қурутоб, фатирмаска, се намуди суманак, ширкаду, кадуи тагаловӣ, кадушурбо, карамшурбо, наскпиёба, нахудпиёба, тухумпиёба, қорчбирён, моҳибирён, зардолушурбо, ҳавлои сурхак, ҳавлои сафедак, нашоиста, ширбат, туршак, рӯғанбат, ордбирён, моделова ва ғайра аз ҷумлаи ғизоҳое мебошан, ки тули асрҳо дар ин водӣ сокинонаш тайёр менамоянд.

         Катбонуҳои ноҳия дар нонпазӣ ҳам хеле ҳунарманданд. Гирдача ва чапотии ин диёр ба куллӣ аз дигар нонҳои мардуми дигар минтақаҳои кишвар тафовут доранд ва калонҳаҷму болаззат мебошанд.

         Хуллас ноҳияи Рашт дорои имкониятҳои зиёди рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста дар талоши он аст, ки имкониятҳо мавҷударо самаранок истифода намояд.